Help:Extension:Wikibase/Танзимоти забонҳо
Инҷо як чанд роҳи "танзимоти забонҳо" бо унсурҳояш барои шумо нишон дода шудааст.
Иваз намудани танзимоти умумӣ
Агар интихоби забонҳои номувофиқ барои шумо, ё шояд он нодуруст барои ҳама дар минтақаи шумо аст?
Агар шумо чунин фикр кунед — лутфан ба мо барои беҳтар кардани маълумоте, ки мо барои муайян кардани он, ки шумо бо кадом забонҳо кор карда метавонед истифода мебарем, кӯмак кунед. Пас аз чанд ҳафта, ин беҳбудиҳо на танҳо барои шумо, балки барои ҳамаи саҳмгузорони Викидода, корбарони MediaWiki ва миллионҳо корбарони дигари нармафзор дастрас хоҳанд шуд.
Танзимот танҳо барои худ
Васеъ чор забони охирини интихобкардаи шумо бо истифода аз панели интихоби забон, ки дар болои саҳифаҳо ҷойгир аст, ба хотир меорад.
Барои илова кардани забони дигар, боварӣ ҳосил кунед, ки таҳрирҳои ҷории худро захира кунед ва баъд бо истифода аз панели интихоби забон (боло) забонеро интихоб кунед: он забони пешфарз барои тамоми интерфейс мегардад.
Шумо метавонед бо истифода аз панели интихоби забон ё бо пахш кардани яке аз забонҳое, ки дар гурӯҳи боло дар паси забони ҷории шумо номбар шудаанд, ба забони интерфейси дилхоҳатон баргардед.